Ошкори шудани куштори майори милиса дар роҳи Суғд: Ӯ истод, то кӯмак кунад...
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани қазияи куштори майори милиса Бахтиёр Нарзуллоев, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан хабар дод.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, 13-уми июли соли 2015, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристон, дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ҷасади майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Шаҳристон, нозири калони ШВКД дар шаҳри Истаравшан, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.
Ба иттилои манбаъ зимни корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Ботуров Зариф Хушбахтович, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Истаравшан нисбати майор Нарзуллоев хусумати шахсӣ доштааст ва фурсат меҷустааст, то ба ӯ зарар расонад: “Шаби 12 ба 13-уми июл Ботуров бо баҳонаи он, ки мошинаш вайрон шудааст, мошини майор Нарзуллоевро дар шоҳроҳи Душанбе-Чаннок-Хуҷанд манъ намуда, аз ӯ чархи эҳтиётӣ ва асбоби борбардор (дамкрат) талаб мекунад”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, вақте Нарзуллоев ба нияти кӯмак аз мошинаш фаромада, мехоҳад аз боғоҷ асбобҳоро гирифта ба Ботуров диҳад: “Дар ин ҳангом Ботуров ба узвҳои бадани марҳум бо бераҳмии махсус 5 маротиба бо корд зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум месозад. Сипас ҷасадро дар автомашинаи худи мақтул ба курсии ақиб гузошта, бо мақсади тоза намудани иззи ҷиноят 6-7 километр дуртар ба ҷои пастхамӣ мебарад. Дар он ҷо бензини овардаашро ба мошин пошида, автомашинаро оташ мезанад ва худ пиёда ба назди воситаи нақлиёташ бармегардад. Дар натиҷа воситаи нақлиёт қисман сӯхта, оташ хомӯш мегардад”.
Ба иттилои мақомоти умури дохилӣ феълан Ботуров бо иттиҳоми куштор дастгир гардида, аз ӯ далели шайъӣ – корд гирифта шуд: “Тафтишоти парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаи 104 қисми 2 алайҳи муттаҳам мавриди тафтиш қарор дорад”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, майори милитсия Нарзуллоев Бахтиёр Ҷамолович дар мақомоти корҳои дохилӣ аз соли 1997 инҷониб ва дар вазифаи нозири калони ШВКД-и шаҳри Истаравшан аз моҳи январи соли 2015 содиқона ва софдилона фаъолият намуда, аз ҷониби роҳбарият барои хизматҳои поквиҷдодонона чанд маротиба бо медалу нишони сарисинагӣ мукофотонида шудааст.