Сафири ИМА: Мехоҳам Кабирӣ баргардаду ҲНИТ озодона фаъолият кунад
Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат бояд ба ҲНИТ имконияти фаъолияти озодро диҳад ва таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон таъмини шароит барои фаъолиятҳои озоди диниву сиёсӣ мебошад.
Эллиотт ин нуктаро имрӯз, 16-уми июл зимни мулоқот бо хабарнигорон дар посух ба суол дар бораи муроҷиати ҲНИТ ба созмонҳои ҷаҳонӣ изҳор дошт.
Сафири ИМА дар мавриди раиси ҲНИТ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, афзуд, “ман дар мавриди сарнавишти раиси ҲНИТ чизе гуфтан наметавонам, ки ӯ берун аз Тоҷикистон чӣ нақшаҳое дорад, вале ман ин шахсро бисёр хуб мешиносам ва орзу дорам, ки зудтар ба Тоҷикистон баргардад”.
Сюзан Эллиотт ҳамчунин гуфт, ки “албатта наметавонам ба овозаҳо такя кунам, вале метавонам гуфт, ки ҳукумати ИМА аз ҳамаи ҳизбҳо ва фаъолияти онҳо дастгирӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки бояд ба ҳар як ҳизб имконият дода шавад, то ҳар шахс битавонад дар фаъолиятҳои аҳзоб ширкат кунад. Ин аз масоиле аст, ки мо доим бо ҳамкоронамон аз Ҳукумати Тоҷикистон онро баррасӣ мекунем. Мо доим таъкид мекунем, ки яке аз роҳҳои беҳтарини таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон додани имконияти фаъолиятҳои озоди динӣ ва сиёсӣ аст”.
Ба назари Сюзан Эллиотт “барои ҲНИТ бояд имконият дода шавад, ки дар оянда фаъолияти худро озодона идома диҳад. Танҳо ин метавонад, ки ба Тоҷикистон сулҳу субот биоварад. Чунин муносибат, на танҳо дар баробари ҲНИТ, балки дар баробари ҳамаи ҳизбҳои Тоҷикистон бояд роҳандозӣ шавад”.