Интиқоди генерал Абдураҳимов аз хурофот: Яроқ кофта, сатил-сатил қуфл ёфтем
Генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз хурофотпарастии мардуми кишвар, ки аксарашон мусалмонанд, интиқод намуд.
Генерал Абдураҳимов имрӯз, 16-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, бо як супориш кормандони ниҳоди зертобеяш дар дарё яроқ кофта, сатил-сатил қуфлро пайдо намудаанд: “Ба ҷои яроқ мо сатил-сатил қуфли бастагиро гирифтем, ки мардум онҳоро партофтааанд. Вақте онҳоро мебароварданд, нигоҳи мардум ба сӯйи мо аҷиб буд. Баъзеашон мегуфтанд “воҳ ин қуфлҳора гирифтанд, чӣ мешуда бошад”? Қуфлҳои калону хурд зиёд буданд”.
Бо зикри ин қуфлпартоиҳо Абдураҳимов бо таассуф афзуд, ки гирду атрофи дарё ҳама мусалмонҳо зиндагӣ мекунанд.
Интиқоди генерал-полковники тоҷик аз хуруфотпарастӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳолдонҳо қуфл барои фолбину ҷодугарҳо гӯиё як василаи бахткушоию бахтбандӣ ва гарму хунуккунии корафтодагон мебошад ва бо андохтани қуфл ба дарё таъсири сеҳр абадӣ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол ахиран мақомоти Тоҷикистон тариқи шабакаҳои телевизионии давлатӣ даҳҳо нафарро намоиш доданд, ки гӯиё бо роҳи сеҳру ҷоду қаллобӣ карда, аз корафтодагон инъомҳо мегирифтаанд.