Гуфтанист, ҳадаф аз ташрифи ин гурӯҳ бештар кардани самараи маблағҳои чанд миллиона, ки ҳамасола барои мутобиқат ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон равона мешавад, арзёбӣ мегардад. Коршиносони дар натиҷаи омӯзишҳояшон Тоҷикистонро дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим осебпазиртарин кишвари Осиёи Марказӣ арзёбӣ кардаанд.
Ҷоҷӣ Токешӣ, мудири дафтари душанбегии БОР, дар Тоҷикистон тағйирёбии иқлимро таҳдиди ҷиддӣ барои рушди иқтисодӣ ва инсонӣ унвон кард. Ӯ мегӯяд, натиҷаи тадқиқоти коршиносони даъватшуда барои мутобиқати Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим истифода хоҳад шуд. Таҳлилгарони бонк таъкид кардаанд, ки бояд масоили тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мавриди омӯзиши бештар қарордорад, зеро ба гуфтаи онҳо аксари мардум дар ин бора тассаввуроти кофӣ надоранд.{jathumbnail off}