Парванда алайҳи мутахассиси заминсоз барои сохтакории қарори раиси шаҳри Хуҷанд
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти мутахассиси заминсози Корхонаи давлатии фаръии (КДФ) “Сектори истифодаи замини шаҳри Хуҷанд” хабар дод, ки дар сохтакории ҳуҷҷат ва ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин муттаҳам мешавад.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти Раёсати умури дохилӣ дар вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” аз дастгиршуда У.Х., соли таваллудаш 1976 ва сокини шаҳри Хуҷанд номи бурда гуфт, ӯ тайи солҳои 2013-2014 ба ҳайси мутахассиси заминсози КДФ “Сектори истифодаи замини шаҳри Хуҷанд” фаъолият карда, “бо роҳи сохтакорона тайёр намудани қарори раиси шаҳри Хуҷанд” ба одамон қитъаи замин ҷудо мекардааст: “Аз ҷумла
Қарори раиси шаҳри Хуҷанд таҳти №245, аз 07.03.2013 “Дар бораи додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ”-ро сохтакорӣ намуда, ному насаби шаҳрванд И.Б., соли таваллудаш 1968, бошандаи шаҳри Хуҷандро ба рӯйхати замимашавандагон дароварда, парвандаи заминсозӣ омода кардааст”.
Ҷаноби Юсуфов афзуд, гумонбаршаванда барои гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба И.Б. мусоидат карда, аз ҳудуди маҳаллаҳои 1, 2 ва 3-юми шаҳри Хуҷанд барои вай ғайриқонунӣ қитъаҳои замин ҷудо намудааст.
Манбаъ мегӯяд, тафтишот то имрӯз наздики 20 ҳолати ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин аз ҷониби гумонбаршударо ошкор кардааст: “Барои ҳар қитъаи замин ӯ 1500 сомонӣ мегирифтааст".
Масъули РУД Суғд мегӯяд, нисбати У.Х. бо моддаи 338, иловаи 1, қ. 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаи замин”, парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.