Отаева: Иброҳимов ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Мақсуд Иброҳимов, мухолифи ҳукумат ва раҳбари ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ба 13-соли зиндон маҳкум шудааст.
Дар ин бора Надежда Отаева, раҳбари Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” дар сафҳаи интернетияш хабар дода, зикр кардааст, ки Иброҳимов моҳи январи соли равон дар Русия рабуда шуда, маҷбуран бе ягон ҳуҷҷат дар бағоҷи ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода шуд.
Ба иттилои Отаева мақомоти тоҷик Иброҳимовро дар узвият ба “Гуруҳи 24” муттаҳам мекунад, ки моҳи октябри соли 2014 аз ҷониби Додгоҳи Олии Тоҷикистон “экстремистӣ” эълон шуд: “Худи Иброҳимов узвият дар “Гуруҳи 24”-ро рад карда, танҳо таъсиси ҳаракати “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”-ро ба уҳда гирифтааст. Ахиран додгоҳ Иброҳимовро ба 13 соли зиндон маҳкум кард”.
Анҷумани “Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ” бо зикри қазияи Иброҳимов изҳор доштааст, ки он ангезаи сиёсӣ дорад ва дар мурофиаи чунин парвандаҳо адолати судӣ таъмин намешавад. Ин Анҷуман аз таҳқиби ҷиноии дигарандешон ва мухолифин дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти тоҷик хостааст, ин равандро хотима бахшанд.
Ин дар ҳолест, ки Мақсуд Иброҳимов шоми 26 ба 27 ноябри соли гузашта дар кӯчаи Севанскаяи шаҳри Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта буд. Ӯ, ки дар ҳамоишҳои эътирозӣ дар Русия истеъфои ҳукумати феълии Тоҷикистонро талаб мекард, аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳоми “ифротгароӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода шуд.
Мақсуд Иброҳимов инчунин узви раёсати эътилофи нируҳои мухолифин - “Тоҷикистони нав” арзёбӣ мешавад, ки аз ҷониби Созмони ҷавонон “Барои эҳёи Тоҷикистон”, созмони мамнуи “Гурӯҳи 24” ва чанд созмони дигари мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ташкил шудааст.