Пешниҳоди номзадии Ҷавод Зариф ва Ҷон Керрӣ ба ҷоизаи сулҳи Нобел
Муассисаи байналмилалии таҳқиқоти сулҳ дар шаҳри Стокголм, пойтахти Шветсия, Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҷон Керрӣ, вазирони умури хориҷии Эрон ва Амрикоро ба унвони номзади дарёфти ҷойизаи сулҳи Нобел барои соли 2016 муариффӣ кардааст.
Тариқ Рауф, мудири барномаи халъи силоҳ ва манъи густариши ҳастаӣ дар Муассисаи таҳқиқоти сулҳ гуфтааст, номзадии ин афрод барои нақши бориз дар расидан ба тавофуқи ҳастаӣ пешниҳод гардидааст.
Тавофуқи Эрон ва “5+1” барҷастатарин тавофуқи ҳастаии чандҷониба дар ду даҳҳа унвон мешавад. Ба қавли Тариқ Рауф, тавофуқи ҳастаии Эрон роҳро барои итминон ёфтан аз моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳо барои мардуми ин кишвар ҳамвор мекунад.