Харобкориҳои обхезӣ дар Бартанг ва бехабарии мақомот
Дар пайи боло рафтани оби дарёи Бартанг чанд деҳа ва роҳи ин водӣ қисман хароб шудааст.
Тавре шоҳидони айнӣ ба “Озодагон” гуфтанд, ягона купруки пиёдагузари деҳаи Чадуди водии Бартанг зери об монда, мардуми ин русто ҳеч робитае бо деҳаҳои дигар надоранд: “Афзун бар ин, роҳи мошингарди Бартанг аз деҳаи Разуҷ то деҳаи Аҷирх, ки тақрибан 4-5 километрро ташкил медиҳад, қисман зери об мондааст”.
Манбаи “Озодагон” инчунин илова кард, ки деҳаи Бардараи водии Бартанг низ бар асари фуромадани сел осеб дидааст: “Сокинони ин деҳа аз эҳтимоли фуромадани такрории сел нигарон буда шабона навбатдор меистанд, то дар сурати хатар дигаронро огоҳ кунанд”.
Аммо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар Бадахшон хабарҳо дар бораи харобкории сел дар Бартангро рад намуда, афзуд, ки ба ин ниҳод чунин хабар нарасидааст.