ВКД куштори Исматулло аз дасти "ошиқ"-и ҳоҳарашро шарҳ дод
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ҷузъиёти қатли Исматулло Исматовро аз дасти шавҳаршавандаи хоҳараш-Тиллоев Ҷонибек шарҳ додааст.
Ин ниҳод, 16-уми июл бо пахши як изҳорот иддаои наздикони Исматовро, ки гӯиё мақомоти пулис аз хатари сар задани ин куштор огоҳ будаанду чорае наандешиданд, рад кардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрвандон -Исматова Мақсуда, Исматова Рузигул, Исматов Исматулло ва Исматов Дилноза, сокинони шаҳри Душанбе, вобаста ба ҷанҷоли рӯзи 9-уми июни соли 2015 байни Исматов Исматулло ва Тиллоев Ҷонибек ба РВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд: “Муроҷиати онҳо рӯзи 11 июни соли 2015 ба қайд гирифта шуда, аз рӯи тобеият барои санҷиш ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шудааст. Мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд”.
Ба иттилои манбаъ муроҷиати шаҳрвандони зикргардида, аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор гирифта, санаи 20-уми июни соли равон онҳо ба ШВКД даъват гардида, вобаста ба ҳолати мазкур баёнот додаанд: “Маълум гардид, ки шаҳрванд Тиллоев Ҷонибек моҳи апрели соли 2013 бо хоҳари Исматов Исматулло – Исматова Рузигул фотиҳа шуда бояд хонадор мешуданд, вале аз сабаби муомилаи бад ва дағалгуфторӣ Рузигул намехоҳад бо ӯ оила барпо намояд. Онҳо фотиҳаро мегардонанд. Ҷонибек дар ғазаб шуда, рӯзи 9 июни соли 2015 ба ҷои кори Рузигул омада, ӯро дашномҳои қабеҳ медиҳад. Бинобар ин Рузигул ба бародараш Исматулло занг мезанад. Исматулло ба ҷои кори хоҳараш омада, аз Ҷонибек хоҳиш менамояд, ки ба берун бароянд, зеро ин ҷо корхона асту ин рафтораш хуб нест, вале Ҷонибек ба хоҳиши ӯ эътиборе надода, ӯро лату кӯб намудааст. Бинобар ин, онҳо мехостаанд, ки нисбати шаҳрванд Тиллоев Ҷонибек чораҳои қонунӣ андешида шавад”.
Мақомоти умури дохилӣ афзуд, ки Исматов Исматулло, модару хоҳар ва ҳамсараш зимни муроҷиат ва додани баёнот, оиди он, ки Тиллоев Ҷонибек таҳдиди куштан ва ё сӯиқасд ба куштор карда бошад, ягон сухане нагуфтаанд.
ВКД афзуд, ки муроҷиатро тибқи қонун баррасӣ карда, муайян намудааст, ки байни онҳо хусумати шахсӣ ҷой дошта, дар ҳаракатҳои номбурдагон аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 116 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дида мешавад: “Яъне агар осори ҷиноят боқӣ намонад он гоҳ эксперт ҳолатҳои корро аз рӯи суханони ҷабрдида менависад ва исбот кардани ҷой доштани лату кӯб ба зиммаи мақомоти таҳқиқ, тафтиш ва суд мегузарад ва тибқи моддаи 24 қисми 2 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин категорияи ҷиноятҳо бо айбдоркунии хусусӣ дар мақомоти судӣ баррасӣ мегарданд. Бинобар ин аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба онҳо фаҳмонида дода шудааст, ки ба суд муроҷиат намоянд”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо таассуф илова намудааст, ки худи ҳамон рӯз, 20-уми июн, соати 16:00-дақиқа Тиллоев Ҷонибек ба нуқтаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ, воқеъ дар кӯчаи Лоҳутии пойтахт омада, дар натиҷаи муноқишаи ба миёномода бо корд, 4-маротиба ба қафаси сина, гӯлу ва шиками шаҳрванд Исматов Исматулло зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад: “Дар натиҷа Исматов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Айни замон, аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур нисбати Тиллоев Ҷонибек бо моддаи 104 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Акс аз сомонаи "Азия плюс"