Берунории 7 тоҷик аз минтақаҳои даргири Яман
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия (МЧС) хабар додааст, ки 7 шаҳрванди Тоҷикистонро аз минтақаҳои ноороми Яман берун кардааст.
Ба иттилои манбаъ ду ҳавопаймони “МЧС” 118 шаҳрванд, аз ҷумла 17 кӯдакро аз Яман ба фурудгоҳи Домодедоваи Маскав расондаанд: “Дар миёни мусофирон шаҳрвандони Узбакистону Яман-42 нафарӣ, 13 русиягӣ, 8 украинӣ, 7 тоҷикистонӣ, се шаҳрванди Молдова, ду аз Эфиопия ва як шаҳрванди Озарбойҷон будааст”.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон аз оғози даргириҳо дар Яман то ҳол беш аз 110 шаҳрванди кишвар аз Яман берун оварда шудаанд.