Вазир: Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони кишварро, ки дар Русия ба сар мебаранд, як миллиону 543 нафар гуфт.
Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ имрӯз, 16 июл дар нишасти хабарии созмонёфтае дар шаҳри Душанбе изҳор дошт, ба омори онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия як миллиону 543 табааи кишвари мо кору зиндагӣ мекунанд. Дар ҷавоб ба ин суол, ки аз рақами зикршуда, чӣ теъдодро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд, хонум Тағойзода гуфт, “касе омори дақиқро гуфта наметавонад”.
Ба қавли вазир, чанд омиле вуҷуд дорад, ки дар муйян кардани шумораи дақиқи муҳоҷирон мушкил пеш меоварад. Ӯ меафзояд, муҳоҷироне ҳастанд, ки ғайриқонунӣ ба Русия мераванд, қисме тавассути марзи дигар кишварҳо сафар мекунанд, гуруҳе низ бе огоҳии мақомоти дахлдор ба ин кишвар мераванд ва қисме солҳои тӯлонӣ дар Русия иқомат доранд.
Аммо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тақрибан аз 600 то 800 ҳазор шаҳрванди кишвар муҳоҷири меҳнатиянд.
Сумангул Тағойзода афзуд, дар шаш моҳи соли равон беш аз 336 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ Русия рафтаанд. Ӯ аз коҳиши мизони муҳоҷират ба Русия хабар дода, онро ба се омил марбут донист. Хонуми вазир яке аз сабабҳои асосиро шомили рӯйхати афроди мамнуъулвуруд шудани шаҳрвандони кишвар гуфт. Тағирот дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва буҳрони молиявӣ ба қавли ӯ ду омили дигари коҳиши мизони муҳоҷирати тоҷикон ба Русия будаанд.
Хонуми вазир мегӯяд, бино ба иттилои шифоҳии раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Русия чор ҳазор шаҳрванди кишвар, ки бо сабабҳои гуногун аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум буданд, дубора иҷозаи сафарро дарёфт карданд.
Сумангул Тағойзода аз фаъол шудани як Гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия хабар дод, ки ҳадафаш расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон, ба вижа онҳое, ки дар феҳрасти шахсони мамнуъулвуруданд, мебошад.