Саидзода: Нишони Шӯравиро аз Душанбе меканем (ВИДЕО)
Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравиро дар маркази Душанбе ҳамчун ёдгории меъмории замони шӯравӣ нигоҳ доштаанд.
Масъулини ин Кумита 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфтанд, феълан Тоҷикистони соҳибистиқлол нишони худро дорад ва нишони замони шӯравӣ ҳамчун ёдгории таърихӣ боқӣ мондааст: “Ин герб хусусияти хоси меъмории замони шӯравиро дорад ва як гӯшаи таърихӣ аст”.
Нуралӣ Саидзода, муовини аввали раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон дар ин робита илова намуд, ки нигоҳдории нишони шӯравӣ муваққатӣ аст: “Вақту соаташ расад, мо онро аз миён мебардорем”.
Нуқтае, ки дар он сутун бо нишони Тоҷикистони шӯравӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси Тоҷикистон Шӯравӣ насб шудааст, маркази шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Айни видео дар bambuser