Изҳороти Вазорати адлия ва қумандонҳои собиқи ИНОТ алайҳи ҲНИТ
Вазорати адлияи Тоҷикистон бо нашри изҳороте муроҷиати Ҳизби наҳзати исломӣ ба Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон барои дахолат ба вазъи кунунии кишварро “ғаразнок” хондааст. Дар изҳороти ин ниҳод аз ҷумла омадааст, “бо мақсади дастрасӣ ба ғаразҳои хеш ҲНИТ зери шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба як қатор давлату созмонҳои байналмилалӣ “барои мудохила ба вазъияти Тоҷикистон” муроҷиат намудааст”.
Масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтаанд, ҳоло тамоми аҳзоби сиёсии кишвар дар фазои ҳуқуқӣ фаъолият дошта, ҳар масъалае, ки пеш меояд, бояд дар доираи қонугузории амалкунанда ҳаллу фасл шавад: “Ягон давлат ва ё созмонҳои байналмилалӣ ҳуқуқи мудохила ба масъалаҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд”.
Ба қавли муаллифони изҳорот, ҲНИТ дар ҳоле зери “шиори ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ” ба ҷомеаи байналмилалӣ шикоят бурда, барои дахолат муроҷиат кардааст, ки гӯиё ҳоло “баъзе давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ “бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи инсон” истиқлолияти давлатиро сарфи назар карда, ба масъалаҳои дохилии давлатҳои соҳибистиқлол мудохила менамоянд ва натиҷаи чунин иқдомотро мо дар мисоли давлатҳои араб ва баъзе давлатҳои дигар мушоҳида менамоем”.
Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон дар идома ҲНИТ-ро ба таблиғоти ғайриқонунии динӣ муттаҳам карда, таъкид кардаанд, ки ин ҳизб бо вуҷуди он ки ба сифати ҳизби характери динӣ дошта фаъолият менамояд, ташкилоти динӣ нест ва ҳаққи анҷоми фаъолияти диниро надорад: “Вале ҲНИТ ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму ойин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии мақомоти давлатӣ гашта истодааст”.
Вазорати адлияи кишвар аз он ибрози норозигӣ кардааст, ки гӯиё ҲНИТ боре ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистонро маҳкум накарда, мавқеии худ алайҳи созмони террористти маъруф ба ДИИШ-ро равшан накардааст. Дар изҳорот тамоми муроҷиату шикоятҳои ҲНИТ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон “туҳмат” хонда шуда, таъкид гардидааст, агар мақсади ҲНИТ ифшои камбуди ҳукумати Тоҷикистон мебуд бояд таҳлилҳои воқеии иқтисодиву иҷтимоии кишварро пешниҳод менамуд: “Аммо мақсади ҲНИТ на дар пешниҳоди таҳлили воқеӣ, балки бо ҳар роҳ паст задани давлат ва барангехтани низоъ миёни ҷомеа мебошад”.
Масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон қарори ахири Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди он ки тамоми аризаҳои беруншавӣ аз саффи ҳизб ва барҳам додани бахшҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар, ки таҳти фишор навишта шудаанд, беэътибор дониста мешавад, зидди Сарқонуни кишвар хондаанд: “Вақтҳои охир ба Вазорати адлияи Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид мегарданд, ки нусхаи асосии он ба Раёсати Олии ҲНИТ ирсол гардида, аъзоёни ҳизб аз ҲНИТ баромада истодаанд. Бо вуҷуди ин Раёсати Олии ҲНИТ ин санадҳоро бо баҳонаи “зери фишор қабулгардида» эътироф накарда, аризаи аъзоёни ҳизбро, ки хоҳиши хориҷ шудан аз онро доранд, бе баррасӣ мондааст. Ин амали ҲНИТ ба моддаи 28 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зид мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Илова бар ин воқеияти мазкур хилофи талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва сархати аввали банди 2.4 Оинномаи ҲНИТ низ ҳастанд”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан 12 қумандони собиқи ИНОТ бо шумули генерали феълии мақомоти умури дохилӣ, Шоҳ Искандаров низ дар робита ба муроҷиати ҲНИТ изҳорот дода, онро маҳкум карданд. Қумандонҳои пешини ИНОТ ҲНИТ-ро дар ҳаводиси солҳои 90-уми Тоҷикистон айбдор карда, хостори қатъи фаъолияти ягона ҳизби сиёсии расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуданд: “Вақти он расидааст, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Ин беҳтарин хизмати Шумо барои ҳамдиёрон хоҳад буд”. Зери ин изҳорот аз ҷумла Ризвонов Зайниддин Ҷонмаҳмадович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди ҚМ ҶТ, генерал майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, Сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Турсунзода, полковник Абдуллоев Маҳмадӣ Ҳусейнович, Сардори шуъбаи Раёсати ақибгоҳи Вазорати мудофиаи ҶТ ҷамъ 12 нафар имзо гузоштаанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шудааст. Раёсати Олии ҲНИТ далели аслии ирсоли номаро ба унвони ин созмонҳо ва кишварҳо “вазъи номуносиби ба вуҷуд омада дар Тоҷикистон, ба хусус, амалҳои ғайриқонунӣ, ғайриахлоқӣ ва саркӯбгароёнаи мақомоти тоҷик нисбати шахсиятҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсиву мазҳабии мухолиф” унвон кард буд.