(АКС) Ванҷоб як қисмати фурудгоҳи Ванҷро хароб кардааст
Оби дарёи Ванҷоб Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷро қисман тахриб кардааст. Дар ин бора ба “Озодагон” гуруҳе аз сокинони ин ноҳия хабар доданд. Ба гуфтаи онҳо, субҳи имрӯз, 15 июл дар пайи гармии ҳаво сатҳи оби дарёи Ванҷоб баланд шуда, фурудгоҳро қисман хароб кардааст ва эҳтимоли шӯстани он вуҷуд дорад.
Ғайратшо Шоев, сардори Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир маҷрои хеле ками дарёи Ванҷоб ба мавзеи фурудгоҳ сарозер шудааст, аммо аз ин ки сатҳи дарёи Ванҷоб ба таври бесобиқа дар ин чанд рӯзи ахир баланд шудааст, эҳтимоли қавии кандашавӣ ва шӯстани фурудгоҳ вуҷуд дорд: “Дар ҳоли ҳозир барои корҳои бартарафсозии зарар ва хисороти эҳтимолӣ ба таври инфиродӣ техникаи мавҷуд дар ноҳияро ҷалб кардем ва ҳамчунин аз қисми низомии воқеъ дар қаламрави ноҳия сарбозонро барои ёрӣ даъват кардаем”.
Таҳдиди Ванҷоб ба Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ дар ҳолест, ки дар ҳафтаи оянда сафарии кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ноҳия дар назар аст ва гуфта мешавад чархболҳои шомил дар ин сафар дар ҳамин фурудгоҳ менишинанд.
Ғайратшо Шоев мегӯяд, “мо ҳукумати вилоят, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, фармондеҳи қувваҳои ҳавоии қувваҳои мусаллаҳ, “Тоҷикаэронавигатсия”, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ва тамоми мақомоти масъулро аз ин ҳодиса хабардор кардем ва аз тамоми ин идорот хостори кӯмаки оҷил ҳастем, то тавонем фурудгоҳро аз хатари тахрибшавӣ наҷот диҳем. Вале то кунун мутаассифона кӯмаке ба мо нарасидааст. Тамоми роҳбарият дар макони ҳодиса ҳузур доранд, вале имконотеро, ки барои наҷоти фурудгоҳ аз канда ва шусташавӣ истифода бурда истодаем, кофӣ нестанд”.
Сокинони ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ҳафтаи гузашта дарёи Ванҷоб қисмате аз ҷангалзор, заминҳои корам, роҳи мошингард ва чанд чорвои сокинони деҳаи Шрговадро ба ком кашида буд.
Ҳамасола дарёи Ванҷоб хисороти ҳангуфтеро ба русто ва заминҳову ҷангалзорҳои дар соҳил қарордошта мерасонад. Сокинони ноҳия мегӯянд, корҳоеро, ки ҳукумати ноҳия ва вилоят барои мустақкам кардани соҳил мекунанд, кофӣ ва барномарезишуда нестанд. Ба қавли онҳо, ба низоми муайян ворид кардани маҷрои дарё як лоиҳаи махсуси тадқиқотиву барномарезишударо кор дорад.