АКС: Фоидаи ду амрикоӣ аз сабқат дар сутунсозиҳо барои парчам
Расонаҳои Амрико мегӯянд, ду шаҳрванди ин кишвар Девид Чемберс ва Марк Саммерс, бунёдгузорони ширкати “Trident Support” аз сабқати сарони бархе аз кишварҳо барои бунёди баландтарин пояи парчам миллионҳо доллар фоида мегиранд.
Девид Чемберс ва Марк Саммерс бозори бунёди пояҳои баланди парчамро феълан гарм арзёбӣ карда, афзудаанд, ки ин сабқат аз Аморати Араб оғоз шуд: “Trident Support” давоми 10 сол 5 сутуни рекордшикани парчамро сохтааст. Сохтани сутун аз Аморати араб шурӯъ шуд, ки он 122 метр баландӣ дошт. Баъдан ширкати “Trident Support” парчами Урдунро дар баландии 127 метр ҷой кард. Туркманистон кишвари баъдӣ буд, ки дар он ҷо сутуни 133 метрӣ бунёд шуд. Сутуни навбатӣ бо дарозии162 метр дар пойтахти Озарбойҷон шаҳри Боку қад барафрохт, ки он ҳам дастсохти бунёдгузорони ширкати “Trident Support” ҳаст. Соли 2011 дар Душанбе сутуни 165 метр сохта шуд, ки рекорди Озарбойҷонро гузашт”.
Расонаи “Business Insider” ин сабқатро “сабқати диктаторҳо” унвон кардааст, аммо Саммерс омили ин поясозиҳоро ватандӯстӣ арзёбӣ кардааст: “Ман фикр мекардам, амрикоиҳо патриотанд, аммо вақте гап сари бузургию баландӣ меравад, ғурури табии мардуми минтақаҳое, ки мо он ҷо парчам месозем, рақобатнопазир аст”.
Масъулини “Trident Support” аз он изҳори таассуф мекунанд, ки сутуни 171 метрии парчам дар Арабистони Саудӣ, ки феълан баландтарин дар ҷаҳон мебошад, кори дасти онҳо нест, балки аз як ширкати арабӣ бо номи “Abdul Latif Jameel Community Initiative” сохта шудааст.