Хадамоти муҳоҷират: 17399 нафарро аз сафар ба Русия баргардонидем...
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар 6 моҳи соли равон 17 ҳазору 399 шаҳрванди кишварро, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагони мақомоти Русия қарор доштаанд, аз сафар ба ин кишвар баргардонидаанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират сешанбеи 14 июл ба “Озодагон” гуфт, афроде, ки исмашон дар ин рӯйхат ворид шудааст, худ огоҳӣ надоранд ва барои мушаххас кардани ин ҳолат ба хадамот муроҷиат мекунанд. Ӯ афзуд, вақте шаҳрвандон ба хадамот муроҷиат мекунанд, маълум мешавад, ки дар рӯйхати мамнуъулвуруд қарор доранд: “Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Русия муайян карда шуд, ки 17399 нафар дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мебошанд ва онҳо аз сафари бебарор баргардонида шуданд”.
Ба иттилои манбаъ, дар нимсолаи аввали соли равон ба Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 46221 нафар муроҷиат кардааст.
Ба қавлит сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, муроҷиаткунандаҳо асосан оиди масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Русия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кӯмаку ёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд: “Айни ҳол рӯйхати шаҳрвандони сафарашон ба Русия манъгардида ба ҳолати 15 май соли равон ба тамоми зерсохторҳои Хадамоти муҳоҷират дастрас шудааст ва муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар ҷои маҳали зисти хеш пеш аз ба Русия сафар намудан, аз санҷиш гузаранд”.
Ба омори ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия марзи як миллионро убур мекунад. Тибқи иттилои расмӣ ба ҳолати моҳи майи соли 2015 303 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар рӯйхати мамнӯъшудаҳои ин кишвар қарор доранд.