Мансурзода: Дар баҳси “Вавилон-М” бо Кумитаи андоз нуқта гузоштем
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, имрӯз, 15-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе даъвои Кумитаи андозро алайҳи “Вавилон-М” қонунӣ хонда, афзуд, ки даъвои кассатсионии ширкатро рад кардаанд.
Мансурзода гуфт, “Вавилон М” аз додгоҳ дархост карда буд, ки санади санҷишӣ ва қарор барои рӯёнидани 341 миллион сомонӣ андоз, ҷарима ва фоизҳо аз ин ширкат қисман бекор карда шавад: “Дар марҳилаи қаблӣ дар ҳаҷми 3 миллиону 228 ҳазор сомонӣ даъвои Кумитаи андоз алайҳи “Вавилон М” бекор карда шуд. Дар қисмҳои дигар дар ҳамаи марҳилаҳои судӣ даъвои Кумитаи андоз асоснок карда шудааст”.
Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ илова намуд, ки “мо дар ин баҳс нуқта гузоштем ва ҳоло ин қарор дар ҳоли иҷро қарор дорад”. Ба суол, ки оё додгоҳ имконияти ширкатро барои пардохти чунин маблағ ба назар гирифтааст, Мансурзода изҳор дошт, ки қазияро танҳо аз нигоҳи қонунӣ баррасӣ мекунанд ва ба имконияти молии ширкатҳо баҳо намедиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати “Вавилон М” дар робита ба 341 миллион сомонии баҳсӣ ба додгоҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Додгоҳи қонуни асосии кишвар муроҷиат карда, ҷавоби рад гирифт.