Додгоҳи Тоҷикистон шикояти “ширкати миллиардери рус”-ро рад кардааст
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти кассатсионии ширкати “Созидание”-ро рад карда, онро муваззаф намуданд, ки ба Кумитаи андоз ё худ буҷаи кишвар 322 миллион сомонӣ пардохт кунад.
Мансурзода, имрӯз, 15-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, тибқи иттилои онҳо феълан ширкати “Созидание” бо Кумитаи андоз дар ҳоли созиш қарор дорад, вале аз ифшои ҷузъиёти бештар худдорӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки муроҷиат ба додгоҳҳои байналмилалӣ ҳаққи конститутсионии ширкати “Созидание” мебошад, аммо пеш аз ин зарур аст, ки тамоми марҳилаҳои додгоҳии дохилӣ паси сар шаванд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои даст ёфтан ба оштӣ миёни корхонаи алюминиюми тоҷик - ТАЛКО ва ширкатҳои наздик ба “РусАЛ”-и Русия азм дошт, қарзҳои андозии ширкати “Созидание”-ро дар Тоҷикистон ба дӯши ТАЛКО вогузор кунад.
Дар қарори имзонамудаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба созиш миёни ТАЛКО ва корхонаҳои марбут ба РусАЛ-и Олег Дерипаска, миллиардери рус равона шудааст, “ТАЛКО” муваззаф гардида, қарзҳои андозии ширкати “Созидание”-ро дар назди буҷаи Тоҷикистон, ки беш за 322 миллион сомониро ташкил медиҳанд, пардохт кунад. Ширкати “Созидание” низ ба Олег Дерипаска марбут дониста мешавад, ки дар Душанбе меҳмонхонаи “Хайят Реҷенсӣ” ва як маҷмааи соҳибкории “Созидание”-ро дорад.
Масъули имзои ин тарҳи созиш аз ҷониби Тоҷикистон мудири молии ТАЛКО таъин гардида ва таъкид шудааст, дар сурати нақзи тавофуқот қарори марбутаи ҳукумат низ беэътибор дониста хоҳад шуд. Ҳадаф аз ин қарори ҳукумат муътадилии вазъи молӣ ва тавлидот дар корхонаи ТАЛКО арзёбӣ шудааст.
Ин пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки ширкатҳои наздик ба РусАЛ алайҳи ТАЛКО тайи қариб 7 соли охир даъвои додгоҳӣ доштанд ва дар чанд мурофиаҳои байналмилалӣ низ гӯиё ғолиб омадаанд. РусАЛ қаблан эълон кард, аз дар баҳси додгоҳӣ бо ширкатҳои наздики ТАЛКО ғолиб омадааст, аммо ТАЛКО пардохти 70 миллион доллар ҷуброни нақзи қарордод бо ширкатҳои зертобеи РусАЛ-ро ба таъхир андохтааст. РусАЛ ҳушдор дода буд, ки дар сурати таъхири пардохти маблағҳо асрори ТАЛКО, аз ҷумла суратҳисобҳои марбут ба ин корхонаро дар минтақаҳои офшорӣ ошкор хоҳад кард. Масъулини РусАЛ таъкид карда буданд, ки аз даъво алайҳи ТАЛКО даст нахоҳанд кашид, магар ин, ки аз Кремл дар ин бора дастуре нашавад.
Ин ҳушдорҳо дар ҳоле буданд, ки охири тобистони соли 2014 Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ ширкати “Созидание”-ро муваззаф кард, ба Кумитаи андози кишвар 322 миллион сомонӣ бисупорад. Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, ин пулест, ки дар пайи тафтиши фаъолияти ширкати “Созидание” аз 1 январи соли 2009 то 1 декабри соли 2013 ошкор шудааст.
Бархе аз соҳибназарон санҷиши ширкати “Созидание”-ро супоришӣ ва як навъ посух ба “Русал”-у Олег Дерипаска хонданд, ки алайҳи корхонаи алюминиюми тоҷик ТАЛКО иқдом намуда, маблағҳои ҳангуфтро талаб карданд.
Аммо Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфта буд, ки расман ширкати “Созидание” ба Русия ягон иртибот надорад: “Мутобиқи маълумоти расмӣ муассиси ягонаи “Созидание” ширкати “SUNLINK LIMITED”-и ҷумҳурии Кипр, мебошад, ки ба Русия алоқамандии ҳуқуқӣ надорад”.