Таъкиди Эмомзодаву Лориҷонӣ ба рушди равобити Тоҷикистону Эрон
Неъматулло Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон бо Алӣ Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои ин кишвар мулоқот кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон субҳи 15 июл навиштааст, ки мулоқоти Эмомзода бо Лориҷонӣ дар шаҳри Теҳрон баргузор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо дар ин вохурӣ доир ба вазъияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуда, ба рушду инкишофи бештари равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар таъкид карданд.