Э.Раҳмон дар Роғун хонандаҳоро ба забономузӣ тарғиб кардааст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 15 июл бо як сафари корӣ ба шаҳри Роғун рафтааст.
Дафтари матбуоти президент ҳадафи ин сафарро “иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим” ва “мулоқот бо фаъолони шаҳр, шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат зимни сафарҳои қаблӣ додашуда” унвон кардааст.
Манбаъ мегӯяд, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон аз иштирок дар маросими ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун оғоз ёфт: “Бинои муҳташами мактаби замонавӣ, ки аз 4 ошёна иборат буда, намуди зебову тарҳи меъмории нодир дорад, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт”.
Ба иттилои дафтари матбуоти президент, бунёди ин муассисаи таҳсилоти миёна соли 1980 оғоз гардида, сохтмонаш нотамом монда буд. Баъди супориши Эмомалӣ Раҳмон мактаб аз ҷониби маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун бо харҷи беш аз 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардидааст: “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Роғун аз чор ошёна иборат буда, барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии ҳудуди мактаб 3,6 гектар мебошад”.
Аснои суҳбат бо хонандаҳо ва омӯзгорони ин мактаб, Эмомали Раҳмон муҳасилинро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуда, гуфтааст, донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст: “Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин хонандагонро ба дӯст доштани Ватан, гиромидошти арзишҳои он, эҳтироми забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва маданияти аҷдодони бонангу номуси хеш, ватандорию ватанхоҳӣ ва зиракию ҳушерӣ ҳидоят намуд”.