(САДО) Ҳабибулло Воҳидов: “Агар мо мубориза набарем, муқобили мо мубориза мебаранд...”
Ҳабибулло Воҳидов, додситони навтаъини вилояти Суғд рӯзи 13 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, дар шаш моҳи ахир 269 ҳолати ҷиноятҳои дорои хусусияти террористию экстремистидошта сабти ном шудааст, дар ҳоле, ки ҳамин давраи соли 2014 ҳамагӣ 48 ҳолат ба қайд расида буд.
Ҷаноби Воҳидов афзоиши ҳолатҳои ҷиноятҳои дорои характери террористӣ ва экстремистидоштаро хеле ташвишовар хонда, онро “доғи рӯз” унвон кард. Ӯ гуфт, “агар ин масъаларо мо ташвишовар ҳисоб накунему мо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза набарем, пас муқобили мо мубориза мебаранд. Мо аз ваколатҳои худ истифода бурда, ин масъаларо пайваста дар вохӯриву ҷаласаҳо ва конфронсҳо мавриди муҳокима қарор медиҳем”.
Додситони вилояти Суғд яке аз омилҳои афзоиши ҷиноятҳои мазкурро “таҳсилоти ғайриқонунии динӣ” унвон кард. Ҳабибулло Воҳидов дар идома гуфт, аз моҳи январ то моҳи июни соли равон мақомоти прокуратура ва Раёсати амнияти миллии Суғд нисбати 236 нафар 92 парвандаи ҷиноятии марбут ба терроризм ва экстремизм боз намудаанд. Аз ин шумора 31 парванда алайҳи 136 нафар бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст: “Бояд қайд намуд, ки аз ҳисоби ин парвандаҳо 47 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 49 нафар бо моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо, оғоз карда шуда, аз он 4 парвандаи ҷиноятӣ алайҳи 4 нафар ба суд ирсол гардида, айбдоршавандагон бо ҳукми суд маҳкум гардидаанд”.