Раиси “Амонатбонк” дар бораи қарзҳои Толиб Айёмбеков ва коҳиши маблағи муҳоҷирон
Руҳулло Ҳакимзода , раиси “Амонатбонк”, мегӯяд, Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон қарзашро ба ин бонки давлатӣ пурра баргардонд ва феълан танҳо пардохти фоизҳо мондааст.
Ҳакимзода имрӯз, 14-уми июн зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, Толиб Айёмбеков маблағи умумии қарзашро, ки 455 ҳазор сомонӣ буд, пурра супорид ва танҳо фоизи қарзҳояш мондааст.
Раиси “Амонатбонк” ҳаҷми фоизи қарзҳои Айёмбековро то имрӯз 329 ҳазору 310 сомонӣ арзёбӣ карда, афзуд, ки дар моҳҳои охир натавонистааст пардохт кунад: “Агар маблағҳоро пардохт кардан натавонад, амволи багаравмондаашро ба фурӯш мегузорем ва қарзгир низ бо ин сад дар сад розист”. Ба гуфтаи масъулини “Амонатбонк” Айёмбеков то охири соли равон муҳлат дорад.
Аввали соли равон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси “Амонатбонк” хабар дод, ки Оламбибӣ Гулдарбоғова, ҳамсари бародари Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон, ки ҳанӯз соли 2008-ум аз ин бонк 350 ҳазор сомонӣ гирифта буд, қарзашро пурра баргардондааст.
Дар ҳамин ҳол раиси “Амонатбонк” инчунин изҳор дошт, ки воридоти маблағи муҳоҷирон ба кишвар майли поёнравӣ дорад. Ӯ гуфт дар шашмоҳаи аввали соли равон шахсони инфиродӣ тариқи Амонатбонк ба Тоҷикистон 173,8 миллион долларро ворид кардаанд, ки ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 39,6 дарсад кам мебошад: “Нимсолаи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон тариқи “Амонатбонк” 288 миллион доллари амрикоӣ ворид шуда буд”.
Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон низ эълон карда буд, ки дар семоҳаи аввали соли равон воридоти маблағ ба кишвар ҳудуди 42 дарсад коҳиш ёфтааст.