Гусфандони “Марко Поло”-и Тоҷикистонро амрикоиҳо бештар шикор мекардаанд
Ҳукумати Тоҷикистон нархи шикори як гусфанди “Марко Поло”-ро дар соли 2015, 45 ҳазор сомонӣ муайян намудааст.
Абдуқодир Маскаев, масъули ҳифзи наботот ва ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист имрӯз, 14 июл зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ҳукумат барои шикори “Марко Поло” 80 квота ҷудо намуд ва то ҳол 78 сари онро шикор кардаанд.
Номбурда иброз дошт, мавсими шикори “Марко Поло” аз моҳи сентябр то мартро дар бар мегирад ва бештар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла амрикоиҳо ба ин навъи ҳайвонот таваҷҷуҳ доранд.
Абдуқодир Маскаев қайд намуд, феълан дар кишвар 25 ҳазор сар гусфанди “Марко Поло” мавҷуд аст, ки бештари онҳо дар Бадахшон ба сар мебаранд.