Аламшоҳзода дар бораи мусодираи силоҳу маводи мухаддир ва худкушии ҷавонон дар Бадахшон
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, давоми 5 соли ахир як ҳазору 222 адад силоҳи оташфишон аз сокинони вилояти Бадахшон мусодира шудааст. Дар ин бора ӯ рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ хабар дод.
Ҷаноби Аламшоҳзода, ки дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар Бадахшон суҳбат мекард, гуфт, аз соли 2010 то ба ҳол аз сокинони вилояти Бадахшон як ҳазору 222 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла 205 автомати калашников ва 446 адад таппонча дарёфт ва мусодира шудааст.
Муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мавриди қочоқи маводи мухаддир дар ин минтақаи наздимарзии кишвар низ суҳбат карда, афзуд, танҳо давоми солҳои 2014 ва 2015 аз қочоқи як тону 733 кило маводи мухаддир ҷилавгирӣ шудааст.
Ба қавли Аламшоҳзода, тайи 5 соли ахир 1500 сокини вилоят дар диспансери наркологӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 170 нафарашон аз сабаби аз меъёр зиёд истеъмол кардани маводи нашъадор ба ҳалокат расидааст: “Дар маҷмӯъ дар вилоят 2 ҳазору 712 нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд, ки 441 нафарашон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар давлатҳо боздошт гардидаанд”.
Аламшоҳзод инчунин теъдоди ҳолатҳои худкушӣ дар ҳудуди вилояти Бадахшонро низ ёдовар шуда, изҳор дошт, давоми 5 соли ахир дар Бадахшон 107 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки 75 нафари онро мард ва 32 тани дигарро занҳо ташкил медиҳанд: “Мутассифона миёни онҳо 21 ноболиғ низ ҳаст”.