Э.Раҳмон ба даст овардани Бастилияро ба президенти Фаронса табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паёми шодбошӣ, президенти Фаронса- Франсуа Жерар Жорж Олландро ба ифтихори ҷашни миллии Фаронса – солгарди ба даст овардани Бастилия табрик гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷмҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла дар паёмаш изҳор доштааст, ки Тоҷикистон сатҳи муносибатҳои худро бо Ҷумҳурии Фаронса баланд арзёбӣ намуда, Фаронсаро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо мешуморад ва ба густариши бемайлони ин равобит ва васеъ гардонидани доираи ҳамкориҳо ҳавасманд аст: “Мо аз сатҳи рушди муносибатҳои дуҷониба қаноатманд ҳастем ва итминон дорем, ки ба кор андохтани имкониятҳои тоза барои боз ҳам тавсеа бахшидани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ба нафъи ҳар ду кишвар буда, боиси таҳкими сулҳу субот ва равобити судманди созанда дар минтақа мебошад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои нек мо аз тамоми имкониятҳо истифода хоҳем кард”.
Дар ниҳоят Эмомалӣ Раҳмон ба Олланд тансиҳатӣ ва пирӯзиҳои ҷадид орзу намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса сулҳу амонӣ ва саодату шукуфоӣ таманно кардааст.