Сардори амнияти Бадахшон: Ифротгароӣ натиҷаи нуфузи “нимчамуллоҳост”
Нусратулло Мирзоев, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон сабаби пайдоиш ва афзоиши ифротгароию амалҳои номатлубро ба боло рафтани нақши “нимчамулоҳо” дар ҷомеа марбут донист.
Мирзоев рӯзи 14 июл дар Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғ изҳор дошт, ки “агар 20 соли пеш мардум барои маслиҳатгирӣ пеши омӯзгор мерафт, ҳоло пеши нимчамулоҳо ё руҳониёне мераванд, ки дар кишварҳои арабӣ таҳсил карда, дониши хуби динӣ ҳам надоранд”.
Ӯ дар ин конфронс аз поин рафтани нақши омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронӣ карда, таъкид кардааст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгароию амалҳои номатлуб бояд дубора нақши омӯзгорро ба ҷояш баргардонд: “Имрӯз қариб дигар сухани омӯзгор қадр надораду насиҳати падару модар ва пиронсолон беарзиш гаштааст”.
Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон вазъи озодии баён ва пайравӣ аз динро дар кишвар озод хонда, ба сифати далел фаъолияти беш аз чаҳор ҳазор масҷид дар Тоҷикистонро мисол овардааст. Ӯ афзудааст, ки агар аз соли 1943 то соли 1988, дар зарфи 45 сол дар Тоҷиистон ҳамаги 34 созмони динӣ, аз ҷумла 17 масҷиду 15 калисо фаъолият мекард, имрӯз шумори иттиҳодияҳои динию масҷидҳои кишвар ба 4 ҳазору 12 адад расидааст, ки нисбат ба теъдоди мактабҳои миёна дар қаламрави ҷумҳурӣ 176 адад зиёд аст: “Албатта, худи ин нишондод аз озодии виҷдону пайравии дин дарак медиҳад”.
Мирзоев дар идома ба гаравиши ҷавонони тоҷик ба саффи гуруҳҳои ифротӣ дахл карда, таъкид кардааст, ки то ҳол ҳеч нафаре аз ин минтақа ба ҷангҳои Сурияву Ироқ нарафтааст.