Як сокини Шӯрообод аз силоҳи оташфишон захмӣ шудааст
Дар ноҳияи Шӯрообод як шикорчӣ баъди сайди бебарор захмӣ гашта, дар бемористон бистарӣ шудааст.
Бекмад Назаров аснои шикори кабк дар яке аз мавзеъҳои кӯҳӣ аз беэҳтиётӣ аз тири ҳамтои шарикаш захмин гардидаст. Тибқи иттилои расида, ҳамин шабу рӯз дар кӯҳистони ноҳия марҳилаи ба истилоҳ, «кабки рав» оғоз гардидаст. Тайи чанд муддат аз ин минтақа селаи кабкҳо мегузарад, ки ба мавзеъҳои гармтар парвоз мекунанд. Дар ин фурсат шикорчиёни маҳаллӣ ба шикори онҳо мебароянд. Дар яке аз ин амалиёт ҷаноби Бекмад аз тири шикорчии дигар аз сараш ярадор гашта, ба бемористон интиқол ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир вазъи шикорчӣ вазнин мебошад.{jathumbnail off}