А. Ғоиб: Оиди Иттиҳоди гумрукӣ раҳбарияти сиёсӣ тасмими ниҳоӣ мегирад
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, тасмими ниҳоиро дар бораи вуруд ба Иттиҳоди гумрукию Иттиҳоди АвруОсиё роҳбарияти сиёсии кишвар қабул хоҳад кард.
Раиси Хадамоти гумрук, имрӯз, 14-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар мавриди узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ гуфт, Тоҷикистон наметавонад дар пайи вуруди Қирғизистон ба ин Иттиҳод тариқи “механикӣ” узви он шавад: “Мо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додем ва хулосаҳои худро низ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем. Тасмими ниҳоиро дар мавриди узвият роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон мегирад”.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Қирғизистон бо имзои тамоми аснод узви Иттиҳоди гумрукии Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Арманистон шуда, барои Тоҷикистон низ роҳ ба ин Иттиҳодро кушод, зеро яке аз шартҳои узвият дар Иттиҳод доштани марзи муштарак бо яке аз кишварҳои узв мебошад.