Ғалборгарӣ чист? Ва оё дар Тоҷикистон низ роҳандозӣ мешавад
Маркази матбуоти Беморхонаи Ибни Сино
Ташхиси пизишкии қабл аз никоҳӣ имрӯз ба як масъалаи пурбаҳс дар ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Ин масъала дар Паёми солонаи сарвари давлат садо дод ва баъди он баҳсҳо сари никоҳи хешутаборӣ низ дубора сари забонҳо чархид. Бештари эродҳое, ки мухолифини никоҳи хешутаборӣ ба ин издивоҷ мегиранд, таваллуди насли носолим мебошад. Барои мисол, тибқи омори вазорати тандурустӣ соли 2014 дар Тоҷикистон тақрибан 25 500 кӯдаку навраси маъюб буд, ки 35 дар садашон аз ҷуфтҳои ба ҳам хеш ба дунё омадаанд. Ба гуфтаи табибон, 40 дарсади кӯдакони то яксола ва аз ҷумла кӯдакони маъюбе, ки дар Тоҷикистон яксола нашуда мефавтанд, аз модароне ба дунё омадаанд, ки бо писари хола, амма ва ё ягон хеши дигари ҳамхуни худ издивоҷ кардаанд. Аммо ташхиси пизишкии қабл аз издивоҷ, албатта агар саҳеҳу дуруст роҳандози гардад, ин мушкилотро аз миён мебардорад. Чун ҳар ҷуфте, ки мехоҳанд бо ҳам издивоҷ кунанд (хоҳ хешу табор бошанд, хоҳ бегона) агар ташхис хатаре барои фарзандони ояндаашон пайдо кунад, табиист ки аз ин издивоҷ даст мебардоранд.
Ташхиси қабл аз издивоҷ дар Эрон низ як амри маъмули ба шумор меравад. Мо барои рӯшани андохтан ба ин масъала ба табиби эронӣ, доктор Амирҳушанг Нажода, ки бо сафари кори ба Бемористони Ибни Сино ташриф оварда буд муроҷиат кардем. Қайд кардан ба маврид аст, ки доктор Амирҳушанг Нажода худ мутахассиси соҳаи женетик буда, бо ин раванд ошноии комил дорад. Ва инак сӯҳбати фишурдаи докторро пешкаши хонандагони худ мегардонем:
Дар Эрон ин навъи озмоишҳоро ғалборгарӣ (яъне ҷудо сохтани одами солим аз носолим) меноманд. Се навъи ингуна тестҳо дар кишвари мо роиҷ аст. Озмоиши аввал пеш аз издивоҷи писару духтар сурат мегиранд. Ин озмоиш ҳамонест, ки дар кишвари шумо ҳам мехоҳанд роҳандозӣ намоянд. Озмоиши мазкур чанд тестро дар бар мегирад:
озмоиши маводи мухаддир. Яъне муаян намудани эътиёд дар ҷавонписару ҷавондухтар;
озмоиш барои муаян кардани бемории талосимӣ (навъи махсуси камхунӣ). Чун агар падару модар гирифтори ин беморӣ бошанд, фарзандонашон одатан то 18 - 20 солаги умр намебинанд;
озмоиши қанд. Ин як тести соддааст ва барои пешгирии бемории диабети қанд гузаронида мешавад;
озмоиши ВИЧ СПИД;
озмоиши гепатити В ва С;
таҳлили умумии хун СВС;
тест барои муаян намудани қобилияти бачадоршавии мард (танҳо мардон мегузаранд);
озмоиши комили пешоб (барои пешгирӣ аз бемориҳои гунонугуни ҷинсии дигар).
Афзун бар ин дар Эрон, ду озмоиши дигар низ анҷом мешаванд. Яке ҳангоми бордории хонумҳо амали мегардад ва иҷбори низ ҳаст. Ин тест барои муаян намуданим солимии ҷанин гузаронида мешавад ва ду давраро дар бар мегирад. Бори нахуст дар семоҳаи аввали бордорӣ ва тести дуввум дар семоҳаи дуввум гузаронида мешавад. Агар озмоишҳо натиҷаи хуб бидиҳанд мушкиле нест, аммо агар дар ҷанин бемориҳои хатарнок пайдо карданд, давлати Эрон ба ин хонум иҷозаи сиқти ҷанинаро медиҳад. Мавориде низ пеш меоянд, ки дар ду озмоиш натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд ва солим ё бемор будани ҷанин муаян намегардад. Дар ин ҳолат озмоиши саввум анҷом мешавад, ки барои хонумҳо метавонад хатарофарин бошад. Ин озмоиш тариқи ворид кардани сузан ба бачадон сурат мегирад ва эҳтимоли сиқти ҷанин дар он хеле болост.
Навъи саввуми озмоишҳо пеш аз ҳомила шудан сурат мегиранд. Марду зани ҷавон, ки мехоҳанд бачадор шаванд, барои пешгирӣ аз бемориҳои женетикӣ, аз озмоиш мегузаранд. Ин озмоиш метавонад тариқи мушовараи женетикӣ низ анҷом бигирад. Инчунин аз бачаи гирифтор ба бемории женетикӣ, озмоиш мегиранд, то хатари пайдоиши ин бемориро дар фарзандони дигар пешгирӣ кунанд.
Аммо маъни ин озмоишҳо на гирифтани садди роҳи никоҳи хешутаборӣ, балки муаян намудани бемориҳо ва мушобиҳати жении писару духтар ба шумор мераванд, чун вақте як писар бо як духтари ғариба издивоҷ мекунанд мушобиҳати жении чандоне ба ҳам надоранд, аммо дар никоҳи хешутаборӣ ин мушобиҳати женӣ то 25% ро ташкил мекунад ва метавонад омили бемориҳо ва дар оянда мушкилоти зиёде барои тарафайн гардад. Маҳз ба хотири рафъи ин мушкилоти ояндаи тарафайн ин озмоишҳо роҳандози гардидаанд, ки ҳадафи комилан илмӣ доранд ва ба шаръи муқаддас ҳам тазоде надоранд.