Қарори ҳукумат барои тағйири номи Донишкадаи санъат
Ҳукумати Тоҷикистон аввали моҳи июли соли равон қарор кардааст, ки номи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода тағйир дода шавад.
Тибқи ин қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати Тоҷикистон имзо кардааст, номи муассисаи давлатии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба муассисаи давлатии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иваз мешавад.
Ҳукумат ба Вазоратҳои фарҳанг ва маорифу илми кишвар дастур додааст, ки ҳуҷҷатгузорияшонро бо назардошти номи нави Донишкада ба роҳ монанд.
Донишкадаи санъат соли 1973 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфта, соли 1978 ба номи Мирзо Турсунзода гузошта шудааст.