Дастури Убайдуллоев барои назорати ҷиддии сохтмони роҳу биноҳои нави Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ахири корияш масъалаи таъмини сокинони пойтахт бо оби ошомиданию назорати сохтмонии биноҳои бунёдшавандаро ба миён гузоштааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Убайдуллоев аз масъулин хостааст, назорати сохтмониро дар биноҳои бунёдшаванда дар ҳудуди пойтахт ҷиддӣ бигиранд. Ба гуфтаи ҷаноби Саидов, дар ин ҷаласа, ки рӯзи 13 июл баргузор шуд, истифодаи ҳадафмандонаи маблағҳои буҷетӣ, ҳолати обтаъминкунию беҳдошти вазъи санитарию экологӣ, нигоҳдорию сохтмони роҳҳо, ҳифзи ёдгориҳои фарҳангию таърихӣ, назорати сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда ва аз гармо эмин нигоҳ доштани дарахту бутта ва гулу чаманзорони шаҳр низ баррасӣ шудааст.
Инчунин Убайдуллоев дастур додааст, то рӯйхати биноҳои нави ифтитоҳшаванда дар Рӯзи истиқлолияти кишварро тартиб дода, барои баргузории нишасти Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон, ки 14-15 сентябри соли равон баргузор мешавад, омодагӣ дида шавад.