АКС: Боздиди Э. Раҳмону Н. Модӣ аз шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳиндустон аз бемористони низомие дар вилояти Хатлон боздид карданд, ки 15 сол қабл бо кумаки ин кишвар барои табобати ҷангиёни Эътилофи Шимол бунёд шуда буд.
Тавре дафтари матбуоти нахуствазири Ҳиндустон дар саҳифаи худ дар Твиттер хабар доданд, ин боздид зуҳри 13 июл сурат гирифтааст.
Назуствазири Ҳиндустон шаби 12 июл вориди шаҳри Душанбе шуда, сафари давлатии ӯ ба Тоҷикистон бо мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат субҳи имрӯз, 13 июл оғоз шуд.
Нарендра Модӣ субҳи 13 июл ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи Робиндранат Такур, шоир ва муттафакири маъруфи Ҳиндустон иштирок кард, ки дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе, наздики сафорати ин кишвар ва рӯ ба рӯйи Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистон қомат афрохтааст.
Шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустонро дорад, моҳи октиябри соли 2014 ба фаъолият шуруъ намуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон, шифохона дорои 50 кати хоб буда, дар он муддати 2 сол 73 нафар мутахассисони баландпояи Ҳиндустон кор мекунанд. Ҳамзамон мутахассисони ҳиндӣ ба ҳамкасбони тоҷики худ истифодаи таҷҳизоти навтарини дар ин ҷо насбгардидаро меомӯзонанд.
Бинои шифохона сеошёна буда, дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дандонпизишкӣ, гинекологӣ, дорусозӣ ва ғайра мебошад. Барои нигоҳдории доруворӣ ва омодасозии баъзе доруҳо бинои алоҳида сохта шудааст. Дар ошёнаи дуюми он хобгоҳ барои кормандони тиб ҷой гирифтааст. Бинои алоҳидаи ошхона барои кормандони тиб ва беморони шифохона дорои 50 ҷойи нишаст аст. Шифохона ҳамчунин дорои ду мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва ду мошини муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти сайёри ҷарроҳӣ буда, барои таъмини мунтазами шифохона бо нерӯи барқ дар ин ҷо трансформаторҳои алоҳида ва ҳам генератори барқӣ насб кардаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Ҳиндустон аз соли 2002-юм шуруъ шуда, дар самтҳои омодасозии кадрҳои низомӣ, табодули таҷрибаомузӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва расондани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони Тоҷикистон сол ба сол густариш меёбад.