Эмомалӣ Раҳмон: Тагор дар сафарҳояш худро эронӣ хондааст (АКС)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои пардабардорӣ аз муҷассамаи Робиндранат Тагор, файласуф ва шоири маъруфи Ҳиндустон ӯро ошиқи Машриқзамин хонда, гуфтааст, ҳангоми сафарҳояш барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс -- Ҳофиз ва Фирдавсӣ худро эронӣ муаррифӣ кардааст.
Расми пардабардорӣ аз муҷассамаи Тагор имрӯз, 13 июл сурат пазируфт. Дар ин маросим Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон низ иштирок дошт. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон Робиндранат Тагорро аз зумраи он бузургоне номида, ки беш аз мардумони замони хеш ба наслҳои оянда тааллуқ доранд. “Тагор ошиқи Машриқзамин буд ва ишқу алоқаи бештаре ба сарзамини шоирхези форсизабонон ва забони форсӣ дошт. Ӯ ду маротиба барои зиёрати оромгоҳҳои классикҳои адабиёти тоҷику форс Ҳофиз ва Фирдавсӣ азм намудааст ва ҳангоми ин сафарҳояш ҳатто худро эронӣ хондааст. Ва басо рамзист, ки ин Аллома дар оғози асри XXI пайвандгари маънавии ду кишвари дӯст Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад”,-гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Нимпайкараи Робиндранат Тагор дар кӯчаи Бухоро, наздикии сафорати Ҳиндустон ва рӯ ба рӯйи Донишгоҳи славянии Русиву Тоҷикистон қомат афрохтааст.