Футболбози тоҷик капитани “Жетису”-и Қазоқистон шуд
Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон капитани нави дастаи “Жетису”-и Қазоқистон интихоб шудааст.
Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, баъди капитани даста интихоб шудани ин легионери 27-солаи тоҷик, “Жетису” дар 20-умин даври мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон дастаи “Ордабас”-и Чимкентро бо ҳисоби 3:0 шикаст додааст.
Ҳоло дастаи ин легионери тоҷик бо 14 имтиёз дар зинаи 11-уми ҷадвали мусобиқоти лигаи аввали Қазоқистон қарор дошта, 18 июл дар доираи ин мусобиқот бо “Остона” рақобат хоҳад кард.
Давронҷон Эргашев аз соли 2013 дар ҳайати “Жетису” бозӣ мекунад. Ӯ 27 сол дошта, зодаи ноҳияи Аштмебошад. Дар гузашта дар тимҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ кардааст. Бо “Истиқлол” соли 2011 қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2012 барандаи Ҷоми раиси АФК гардид. Инчунин ду бор (солҳои 2011, 2012) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, соли 2012 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудааст.