Омӯзгори 28-солаи Коллеҷи тиббӣ дар гирифтани пора муттаҳам мешавад
Омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми ришваситонӣ дар ҳаҷми 1900 доллари амрикоӣ боздошт шудааст. Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ба “Озодагон” хабар доданд.
Муҳсинҷон Юсуфов, масъули дафтари матбуоти ин ниҳод, имрӯз, 13 июл гуфт, боздошти ин нафар, ки ҳамзамон дар Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ба ҳайси табиб кор мекардааст, дар пайи аризаи шаҳрванд А.М., соли таваллудаш 1970, бошандаи шаҳри Чкалов сурат гирифтааст. Ӯ гуфтааст, Т.Н., соли таваллудаш 1987, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд барои ба колеҷи мазкур дохил кардани ҷиянаш 1900 доллар талаб кардааст: “11 июли соли равон, тахмин соатҳои 17:00 омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва ҳам духтури Беморхонаи клникавии вилояти Суғд ҳангоми гирифтани 1900 доллар пора дар ҳудуди ошхонаи беморхонаи мазкур дастгир шуд”.
Манбаъ афзуд, “феълан оид ба ин ҳодиса бо моддаи 319, қ. 1 – “гирифтани пора”, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.