Дар шаш моҳ 36 104 зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли равон 336 ҳазору 625 нафар бо қасди муҳоҷирати меҳнатӣ кишварро тарк кардаанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират имрӯз, 13 июл ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки аз афроде, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 300521 нафараш мард ва 36 104 тани дигар зан ҳастанд.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ дар 6 моҳи соли равон 391 203 шаҳрванди кишвар ба хориҷа сафар намудаанд. Абдуллоҳ Қодирӣ иброз дошт, дар ин нимсола сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия 331253 ва ба Қазоқистон 5372 нафарро ташкил медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давра теъдоди шаҳрвандоне, ки аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштаанд, ба 219 948 нафар мерасад: “Аз шумораи бозгаштаҳо 187 468 нафар муҳоҷири меҳнатӣ мебошанд, ки 165039 мард ва 22 429 зан мебошад”.