Пешниҳоди профессори амрикоӣ барои ҳалли баҳси “Роғун” дар Тошканд
Габриэл Экштайн, профессори амрикоӣ дар умури қонунгузории муҳити зист ва захираҳои табиӣ, ҳафтаи гузашта ҳаллу фасли баҳс атрофи нерӯгоҳи "Роғун"-ро бо рӯзноманигорон дар сафорати Амрико дар Тошканд баррасӣ кардааст.
Ин муҳаққиқи амрикоӣ дар як ҳошияи як ҳамоиши байналмилалӣ оид ба мудирияти захираҳои об дар Узбакистон гуфтааст, мушкили "Роғун" бояд бар бунёди қонуни об ҳал шавад. “Ин ҷо ҳақ ва ноҳақ вуҷуд надорад, ҳама чиз аз мувофиқат вобаста аст”-гуфтааст Экштайн ва илова кардааст: “Ба ҳайси як одами бетараф, ман фикр мекунам, ки бар бунёди қонуни об Тоҷикистон ва Узбакистон бояд ба пойи мизи музокирот биёянд”.
Ин муҳаққиқи амрикоӣ гуфтааст, ки “дар ин масъала ба он хотир ҷавоби мутлақ вуҷуд надорад, ки ҳар як ҳолат вижагии худро дорад”. Габриэл Экштайн аз бунёд кардани нерӯгоҳ дар Африқо мисол овардааст, ки мушкили монанд ба Роғун доштааст: “Эфиопия тӯли чанд сол мехост як садд бисозад. Маблағи онро пайдо карданду шурӯъ ба сохтани он карданд. Аммо, Миср ва чанд кишвари дигари поёноб изҳори норизоиятӣ карданд. 80%-и оби Миср аз Эфиопия сарозер мешавад.” Ба гуфтаи ӯ пас аз музокироти кишварҳои Миср, Судон ва Эфиопия ин мушкил ҳал шуд.
“Онҳо обро тақсим накарданд, балки натиҷаи истифода аз онро бо ҳам қисмат карданд. Мақсади асосӣ он нест, ки об аз кӣ аст, балки ба таври муташаккил ҳал кардани масъала ва гирифтани фоида аст”-гуфтааст профессори амрикоӣ.