Имзои се санади ҳамкорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Нарендра Модӣ, сарвазири Ҳиндустон зери се санади ҳамкорӣ имзо гузоштанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин санадҳо ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсат, маориф ва фарҳангро фаро мегиранд. Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо Баёнияи муштараки Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар бораи густариши шарикӣ; Созишнома тариқи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба таъсиси лабораторияҳои компютерӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ва Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар барои солҳои 2016-2018-ро имзо кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ имзои санадҳои нави ҳамкориро дар татбиқи амалии имконоти фаровони истифоданаёфтаи гуногунарсаи ду кишвар қадами заруру муҳим хондаанд. Нарендра Модӣ бо таваҷҷуҳ ба мақоми муносиби Тоҷикистон дар муносиботи хориҷии кишвараш изҳори бовар намудааст, ки сафараш ба Тоҷикистон дар роҳи таҳким ва густариши робитаҳои ду кишвар нақши намоён мегузорад: “Аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии миёни Тоҷикистону Ҳиндустон, ки иборат аз қариб 60 санади байниҳукумативу байниидоравӣ мебошад, изҳори қаноат карда шуд”.
Дафтари матбуотии раисиҷумҳури мегӯяд, дар мулоқот миёни ҷонибҳо барои татбиқи босамари санадҳои амалкунанда ва тавсиаи робитаҳои судбахши минбаъда фаъолияти бештари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ зарур дониста шудааст. Ба иттилои манбаъ, ҳар ду ҷониб изҳори боварӣ намудаанд, ки минбаъд робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ тавсеаи бештар пайдо мекунад. Ҳамзамон таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва иштироки ширкатҳои Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон аз ҷумла роҳҳои густариши робитаҳои иқтисодӣ номида шуд: “Ба рушди ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва ҳамлу нақлии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд”.
Манбаъ мегӯяд, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла дар самти муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбати Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Нарендра Модӣ зимни изҳороти матбуотияшон ба натиҷаҳои мулоқоту музокирот ва дурнамои робитаҳои ду кишвар баҳои баланд доданд: “Аз ҷумла, таъкид гардид, ки "мо аз он қаноатмандем, ки байни роҳбарияти ду давлат сатҳи баланди эътимод ва ҳамраъйӣ таъмин гардида, ҳамкории дуҷониба ва чандҷониба пайгирона густариш меёбад".