Баҳси марз: Бо Чин тамом, бо Қирғизистону Узбакистону Афғонистон боқист
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон мегӯяд, баҳсҳои марбут ба замину марзҳо бо Чин комилан ҳал шуда, аммо баҳсҳои аломатгузорӣ ва таъйини ҳудуд бо Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон ҳанӯз боқӣ мондаанд.
Ятим Табарзода, раиси ин ниҳод имрӯз, 13 июл дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфт, аз 978 километр марзи муштарак бо Қирғизистон корҳои аломатгузорӣ ва таъини ҳудуд дар 503 километри он анҷом шуда, дар 400 километри баҳснок, ки асосан дар шимоли кишваранд, комисияҳои давлатӣ ба мувофиқа нарасидаанд. Инчунин, ба гуфти раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон аз 1305 км марзи муштарак бо Узбакистон танҳо 105 километри баҳснок боқӣ мондааст: “Баъзе минтақаҳои баҳснок бо Афғонистон низ боқист”.
Тоҷикистон бо чаҳор кишвар -- Чин, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон дар маҷмӯъ 4072 км марзи муштарак дорад. Соли 2011 Ҳукумати Тоҷикистон бо Чин баҳси марзро бо дар ихтиёри он давлат гузоштани 1,1 ҳазор километри мураббаъ ба анҷом расонид.