Додгоҳи олӣ: Фаъолияти 16 ҳизбу ҳаракат мамнӯъ аст!
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 13 июл зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз қатъи фаъолияти 16 ҳизбу ҳаракати характери экстремистиву террористидошта хабар дод.
Оқои Шоҳиён гуфт, бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз соли 2001 то имрӯз дар Тоҷикистон фаъолияти 16 ҳизбу ҳаракатҳое, ки характери экстремистӣ ва террористӣ доранд, манъ шудааст.
Ба қатори ин ҳизбу ҳаракатҳо “Ҳизби таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаркати исломии Туркистони шарқӣ”, “Ҳизби исломии Туркистон, (собиқ ҳаракаи исломии Узбекситон), ҳаракати “Толибон”, ташкилоти “Бародарони мусулмон”, ташкилоти “Нашъа-ат таиба”, “Ҷамъияти исломии Покистон”, “Ҷамъияти Таблиғот”, “Ташкилоти динии мисянерҳи созмонии таблиғот”, “Тоҷикистони озод”, равияи динии “Салафия”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Гуруҳи 24 “, “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ун-нусрат” шомиланд, ки ба қавли Шермуҳаммади Шоҳиён ҳадафи сарнагун кардани сохти конститутсионии кишварро доранд.