Раиси Кумитаи замин: Дар бораи заминфурӯшии Кабирӣ хабар надорам
Табарзода Ятими Акбар, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 13-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар мавриди вуҷуди ҳолатҳои ғайриқонунии харидуфурӯши замини беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ягон хел маълумот ва ахбор надорад.
Чанде пештар бо нашри як матлаб дар рӯзномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Тоҷикистон – “Ҷумҳурият”, Кабирӣ дар ғайриқонуни хусусӣ кардан ва фурӯхтани заминҳои марбут ба ин беморхона муттаҳам дониста шуда буд.
Ахиран Прокуратури генералии Тоҷикистон ҳам бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки “Роҳбарони ҳизби номбурда ба қонунвайронкуниҳои зиёди молумулкӣ ва азони худ намудани моликияти давлатӣ роҳ додаанд, ки хусусигардонӣ ва тақдири минбаъдаи беморхонаи сохтмонаш нотамоми касалиҳои сироятиии шаҳри Душанбе барои 500 кат мисоли ин гуфтаҳо мебошад. Раиси ҲНИТ - Кабирӣ Муҳиддин беморхонаи мазкурро ғайриқонунӣ, бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” хусусӣ гардонида, заминҳои ин иншоотро ба масоҳати 10 га, ки мақсаднок барои сохтмони муассисаи тандурустӣ ҷудо карда шудааст, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 8 нафар шаҳрвандон дар асоси шартномаҳои ҳадя тақсим намудааст, ки онҳо дар навбати худ дар давоми солҳои 2009-2010 қитъаҳои замини мазкурро ба 95 нафар шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ бо нархи аз 1500 то 2000 доллари ИМА барои ҳар як 0,01 га фурўхта, аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 150.000 доллари ИМА-ро ба Кабирӣ Муҳиддин додаанд. Ҳол он, ки мувофиқи моддаи 13 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат буда, аз ин рў хариду фурўши он манъ аст”.
Худи Муҳиддин Кабирӣ дар чандин суҳбатҳояш бо расонаҳо, даст доштанашро дар ҳолатҳои ғайриқонуни фурӯхтани замини беморхонаи мазкур рад намудааст.
Ҳамчунин Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки дар ним соли 2015 аз ҷониби мақомоти идораи замини Тоҷикистон 6034 мавриди вайрон шудани қонунгузории соҳаи замин номнавис шудааст, ки 4219 мавриди он ҷаримабандӣ шудааст: ““Дар маҷмуъ бо маблағи 1 372 340 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин 905 620 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаи идораи замин ворид шудааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 412 мавод ба прокуратура ва барои рӯёнидани ҷарима 547 мавод ба судҳо ирсол шудааст ва 3516 ҳолати қонунвайронкунии замин дар маҳалҳо сабт гардидааст”.
Раиси Кумита аз пешниҳоди маълумоти дақиқ дар мавриди бо чӣ теъдод даст доштани кормандони ниҳоди зертобеяш дар вайрон кардани қонунгузории замин ва харидуфурӯши он худдорӣ кард.