Шӯрои уламо санаи дақиқи Иди фитрро эълон кард
Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди дорои ҳаққи судури фатво дар Тоҷикистон санаи дақиқи Иди фитр дар кишварро эълон кард.
Тавре аз Маркази исломӣ ба “Озодагон” хабар доданд, рӯзи Иди фитр имсол дар Тоҷикистон рӯзи 17 июли соли равон таҷлил мешавад. Ба иттилои манбаъ, санаи дақиқи Иди фитр дар ҷаласаи рӯзи 13 июли аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон ба раҳбарии Сайидмукаррам Абдулқодирзода муайян шудааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфта буд, ба эҳтимоли зиёд имсол тоҷикистониён 29 рӯз рӯза хоҳанд гирифт ва санаи дақиқи Иди фитр дар ҷалаи ояндаи аъзои Шӯрои уламо эълон мешавад.
Тибқи иттилои масъулини Маркази исломӣ моҳи Рамазон, ки имсол 18-уми июн фаро расид, 16-уми июл поён хоҳад ёфт ва тоҷикистониён Иди Саиди Фитрро 17-уми июл таҷлил мекунанд: “Намози Иди фитр дар тамоми масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон соати 6:30 оғоз хоҳад ёфт”.
Иди фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, баъд аз моҳи Рамазон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад.