“Замондош”: Духтари президент мавлудашро дар бӯстонсарои падар ҷашн гирифтааст
Расонаҳои Узбакистон навиштаанд, Гулнора Каримова, духтари калони раиси ҷумҳури ин кишвар, ки гуфта мешуд, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад, рӯзи 8 июл дар бӯстонсарои падараш рӯзи мавлуди худро ҷашн гирифтааст.
Бино ба навиштаи нашрияи “Замондош”, барои Гулнора Каримов танҳо рафтан ба ҷайҳои умумӣ, гирифтани акс ва пайдо шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ мамнӯъ шудааст. Нашрия аз қавли манобеи наздик ба Гулнора навиштааст: “Дар моҳи май Гулнора бо падараш суҳбати ҷиддӣ дошт. Ӯ дар пеши Ислом Каримов ба зону нишаст ва аз ӯ, хоҳарон ва модари худ узр пурсид. Ӯ иштибоҳи худро дарк кард ва қавл додааст, ки ин чиз дигар такрор нахоҳад шуд”.
Ба навиштаи манбаъ, дар рӯзи мавлуди Гулнора одамони наздик ва боэътимоди Ислом Каримов омада, худи раиси ҷумҳур ва занаш духтари худро табрик кардаанд. “Замондош” мегӯяд, туҳфаҳо аз сӯи элитаи Узбакистон барои Гулнора то ҳанӯз мерасанд.