Тайи 9 моҳи ахири соли равон суръати истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар бархе аз корхонаҳои саноатӣ афзоиш ёфтааст.
Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, имсол дар Тоҷикистон 240 ҳазор тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазор тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли масолеҳи хишт 47,1 миллион дона, тахтасанг 10, 7 ҳазор м2 ва шиша 127, 3 ҳазор м2-ро ташкил медиҳад, ки истеҳсоли ҳамаи ин намуди масолеҳи сохтмонӣ нисбати соли гузашта бо нишондодҳои гуногун зиёд шудаанд.
Вазорати энергетика ва саноат дар ҳоле аз афзоиши истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ хабар медиҳад, ки феълан дар бозорҳои кишвар нархи ин навъи масолеҳ қимат шудааст. Бино ба маълумоти бархе аз коршиносон то вақте ки бозорҳои ватаниро аз ҳисоби масолеҳи сохтмонии кишварҳои хориҷа таъмин мекунанд, бо чунин суръати истеҳсолот нарх арзон нахоҳад шуд. Зеро ба андешаи онҳо нисбати суръати афзоиши истеҳсолот, бо зиёд шудани сохтмони биноҳои гуногун, талабот зиёдтар шуда истодааст.{jathumbnail off}