Раиси Суди Олӣ дар бораи муроҷиати ҲНИТ ба СММ (навшуда)
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон иддаои роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии кишварро дар мавриди нақзи муқаррароти созишномаи сулҳи тоҷикон беасос хонд.
Шоҳиён, имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, тамоми меъёрҳои созишномаи сулҳи тоҷикон ҳалли худро ёфтаанд ва муроҷиати раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора беасос мебошад. Ӯ гуфт, ки худаш дар раванди имзои созишнома ба ҳайси масъули масоили ҳуқуқӣ иштирок доштааст ва ҳамаи меъёрҳои созишнома миёни ҳукумату ИНОТ иҷро шуд. Шоҳиён инчунин илова намуд, ки шикояти ҲНИТ-ро дар мавриди фишорҳо баъди баррасӣ ба додситонии кул равон кардаанд ва додситонӣ ба ин ҳизб посух додааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз фишорҳои зиёди мақомоти кишвар ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳодияи Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви гурӯҳи тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Ирон, Афғонистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҷумҳуриҳои Туркманистону Қирғизистон номаи шикоятӣ ирсол намуда, хостори мудохилаи онҳо ба вазъияти мавҷуда шуд. Дар пайи нашри ин муроҷиатнома аксари аҳзоби сиёсии кишвар ва ниҳодҳои давлатӣ вокуниш карда, ин иқдоми ҲНИТ-ро маҳкум намуданд.