Шоҳиён: Қарорҳои беасос, фасод ва дағалии судяҳо камбудии асосист
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси навтаъини Суди олии Тоҷикистон, имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе камбудии асосии ниҳоди зертобеашро содир намудани қарорҳои беасос хонд.
Шоҳиён, ки нимаи моҳи апрел раиси Додгоҳи олӣ таъин шуд, изҳор дошт, камбудии асосӣ қарорҳои беасосанд ва бештар аз ҷониби судяҳои зинаҳои поёнӣ содир мешаванд. Раиси Суди олӣ илова кард, шикояту эътироз аз қарорҳои судҳо зиёд шудааст ва таъкид намуд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ кам кардани қарорҳои беасос мебошад: “Аз муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон маълум шуд, ки қарорҳои ғайриқонунӣ ва муносибати дағалонаи судяҳо дар сатҳи поёнӣ вуҷуд дорад”.
Ӯ яке аз сабабҳои содир шудани қарорҳои беасосро нодуруст баҳо додан ба далелҳо ва дуруст татбиқ накардани қонунгузории амалкунанда гуфт: "Сабабҳои дигар, бемасъулиятӣ, бепарвоӣ ва дуруст иҷро накардани вазифаҳо аз ҷониби судяҳо мебошад".
Раиси Додгоҳи олӣ фасодкориро мушкили дигари ҷиддӣ хонд, ки ӯро ором намегузорад. Ӯ аз оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси суди ноҳияи Роштқалъа ёдовар шуда, илова намуд, минбаъд барои мубориза бо фасодкорӣ дар мақомоти судӣ муборизаро пурзӯртар хоҳад кард.
Шермуҳаммади Шоҳиён собиқ раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии дар мақоми раҳбари Суди олӣ бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Нусратулло Абдуллозодаро иваз намуд.