Куштори "террористи худкуш"-и тоҷикистонӣ дар Ироқ
Расонаҳои Ироқ аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд, ки гӯиё дар тан камарбанди муҷаҳҳаз бо маводи тарканда доштааст.
Ба иттилои хабаргузории “Ал-ҲадасНюз”, рӯзи 12 июл дар пайи задухӯрде бо неруҳои низомии Ироқ дар муҳофазаи Диялӣ, воқеъ дар шарқу шимоли ин кишвар, се ҷангҷӯёи созмони террористии маъруф ба ДИИШ кушта шудааст. Ин хабаргузорӣ бо такя ба манбаи худ навиштааст, яке аз кушташудаҳо шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар тан камарбанди муҷаҳҳаз бо маводи тарканда доштааст. “Ал-ҲадасНюз” дар бораи ному насаби ин ҷангҷӯи тоҷик маълумоте надодааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран, нашрияи “Миллият”-и Туркия аз боздошти 25 шаҳрванди хориҷӣ бо шумули чандин табааи Тоҷикистон хабар дод, ки қасди вуруд ба Сурияро доштаанд. Ба иттилои манбаъ, аснои бозпурсӣ баъзе аз дастгиршудаҳо гуфтаанд, барои муҳоҷират ба Сурия мераванд, аммо қисме изҳор доштаанд, ки бо гуруҳи “Давлати исломӣ” ё ДИИШ ҳамақидаанду мехостанд, барои “ҷиҳод” дар Сурия ба сафи ин гуруҳ пайванданд.