Ҷустуҷӯи роҳҳои бартарафсозии ақидаҳои ифротгароӣ дар Хоруғ
Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонон: ҳамкорӣ дар бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ" дар шаҳри Хоруғи вилояти мухтори куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба кори худ шурӯъ кард.
Ин конфронс бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Вазорати умури дохилии Тоҷикистону Бюрои САҲА дар шаҳри Душанбе аз 12 то 16 июли соли равон баргузор хоҳад шуд. Ба иттилои масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар ин конфронс 300 ҷавон аз шаҳру навоҳии кишвар гирдиҳам омадаанд. Аҳтам Абдуллозада, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин ҷавонони тоҷик дар баробари иштирок дар конфронси мазкур бо расму ойин ва зиндагии ҳамватанони худ аз вилояти Бадахшон низ ошно хоҳанд.
Ба гуфтаи Абдуллозода, онҳо таҷрибаи наверо роҳандозӣ кардаанд, ки бар асоси он ҷавонон аз вилояти Суғду Хатлон ва пойтахту навоҳии тобеи марказ ин чанд рӯзро дар хонаҳои ҳамсолони худ аз вилояти Бадахшон сипарӣ карда, бо расму ойин ва зиндагии ҳамдигар аз наздик шинос мешаванд. Қарор аст, дар ин конфронс, вазири умури дохилӣ, муовини аввали вазир ва раиси вилояти Бадахшон суханронӣ карда, дар мавриди роҳҳои бартарафсозии ақидаҳои экстремистӣ-ифротгароӣ суҳбат кунанд.