Мусодираи 200 кило маводи мухаддир дар давоми се рӯз
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз мусодира шудани ҳудуди 200 кило маводи мухаддир дар давоми се рӯзи ахир хабар додааст.
Дафтари матбуоти агентӣ рӯзи 12 июл иттилоъ додааст, дар давоми се рӯзи ахир дар қаламрави ҷумҳурӣ аз сӯи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар 191 килову 948 гр маводи мухаддир мусодира шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз ин нишондод 98 килову 658 гр афюн, 76 килову 985 гр бангдона ва 16 килову 305 гр ҳашиш мебошад.
Дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар афзудааст, ки дар пайи мусодира шудани ин миқдор мавохи мухаддир ду нафар боздошт шуда, чаҳор нафари дигар, ду шаҳрванди Тоҷикистону ду афғон мавриди кофтуковӣ ҷиноӣ қарор доранд.