“Матин”-ро аз ҳаққи интиқоли маблағ маҳрум карданд
Раёсати бонки миллии Тоҷикистон бо қабули як қарор ҶДММ ТАҚХ “Матин”-ро аз ҳаққи иҷрои интиқоли маблағ маҳрум сохтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллӣ, ҶДММ ТАҚХ “Матин” аз санаи 10 июли соли равон ҳуқуқи иҷрои амалиёти интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариёнро ба муҳлати як сол надорад.
Манбаъ мегӯяд, ин қарор ба хотири риоя накардани “талаботи қонунгузории бонкии ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда шудааст”.
Бино ба иддаои масъулини Бонки миллӣ, гӯиё ҶДММ ТАҚҲ “Матин” такроран ба камбудиҳо роҳ дода, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ маблағҳои асъори хориҷии нақдро ба хориҷ аз кишвар интиқол медодааст.